Роҳгузар ҷангараҳоро халос карданӣ буд, вале худаш бераҳмона латукӯб шуд

Date:

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 15 декабр дар кӯчаи Борбад соати сеюними шаб байни сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Сунатулло Давлатов ва ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе Сабоҳат Расулова муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, онҳо бо рафтори дағалона якдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.

Роҳгузари тасодуфӣ, сокини 23-солаи ноҳияи Шоҳин Таваралӣ Раҷабов онҳоро ба оромӣ даъват намуда, мехоҳад аз ҳамдигар халос кунад.

“Ин рафтори роҳгузар ба Давлатов писанд наомада, ҳамроҳи дӯсташ – сокини пойтахт Бахтиёр Иброҳимови 18-сола Раҷабовро мавриди латукӯб қарор медиҳанд, ки дар натиҷа роҳгузар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсат.

МЕДИА (YOUTUBE)

Гуфта мешавад, нисбати С.Давлатов ва Б.Иброҳимов мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...