Дар Хоруғ ду ҷавонро бо гумони кордзанӣ боздошт кардаанд

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду ҷавон бо гумони бо корд захмӣ кардани як ҷавони 26-сола боздошт шудаанд. ВКД аз онҳо ном набурдааст, танҳо гуфтааст, ки ин ду ҷавон дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои торнамои ВКД ин ду ҷавон бар асоси арзиаи шикоятии сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи С.Насиллобек боздошт шудаанд. Ин сокини 26-солаи шаҳри Хоруғ гуфтааст, ки рӯзи 25-уми декабр бидуни ҳеч кадом асосе он ду ҷавон ба ӯ дар афтода ҷангу ҷанҷол бардошта, бо корд ба узвҳои баданш се бор халидааву аз ҷойи ҳидиса фирор кардаанд. 

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 23-солаи сокинон ҳамин шаҳр бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад",-менависад ВКД.

Ҳафтаи гузашта Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфта буд, ки дар  11 моҳи соли 2020 дар ин вилоят 541 ҷиноят сабти ном шудааст. Ин нуктаро сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, сарҳанг Рустам Мирзомуродзода дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳузури котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...