Сарбозро барои шикастани ҷоғи ҳамхизматаш 5 сол зиндонӣ карданд

Зодаи вилояти Суғд Кароматулло Мирзоеви 20-сола барои лату кӯби ҳамхизматаш ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Мирзоев дар наздикии хонаашон хиззмати ҳарбиро адо мекард ва то охири муҳлати хизматаш ҳамагӣ 1 моҳ боқӣ монда буд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд хабар дод, нимаи аввали соли равон Мирзоев наваскар А.М.-ро “барои […]

Зодаи вилояти Суғд Кароматулло Мирзоеви 20-сола барои лату кӯби ҳамхизматаш ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Мирзоев дар наздикии хонаашон хиззмати ҳарбиро адо мекард ва то охири муҳлати хизматаш ҳамагӣ 1 моҳ боқӣ монда буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд хабар дод, нимаи аввали соли равон Мирзоев наваскар А.М.-ро “барои густохӣ нисбати сержанти хурди қисми ҳарбӣ” лату кӯб кардааст.

“Аз зарба ҷоғи поёни наваскар шикаста, ӯ бо ҷароҳати вазниниаш миёна дар бемористон бистарӣ мешавад”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Прокуратураи ҳарбӣ нисбат ба Кароматулло Мирзоев мутобиқи моддаи 373, қ. 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Дар ин модда аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст. Суди ҳарбии гарнизони Хуҷнд бо назардошти хислатомаи мусбат аз ҷойи хизмати айбдоршаванда ва қаблан доғи судӣ надоштани Мирзоев, ӯро ба 5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.