Анҷоми бозиҳои дӯстонаи футболбозони Тоҷикистону Эрон

Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои наврасон ва ҷавонони Тоҷикистону Эрон (U-16 ва U-19), ки аз 23 то 27 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардиданд, анҷом ёфтанд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ҳар ду бозӣ аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисобҳои 0:1 ва 1:4 шикаст хӯрд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввал […]

Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои наврасон ва ҷавонони Тоҷикистону Эрон (U-16 ва U-19), ки аз 23 то 27 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардиданд, анҷом ёфтанд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ҳар ду бозӣ аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисобҳои 0:1 ва 1:4 шикаст хӯрд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввал бар тими ҷавононони Эрон бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, вохӯрии дуюм мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Ба ин тариқ, дар чор бозӣ дар майдони худ бо тимҳои Эрон мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон 1 ғалаба ба даст оварда, як бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар ду бозии боқимонда ба шикаст дучор шуд.

Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон баргузор мешаванд, иштирок мекунанд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".