Раиси Исфара ба аёдати оилаҳои қурбониёни муноқишаҳои марзӣ рафт

Раиси шаҳри Исфара Баҳовадддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳое рафт, ки саробонашон дар муноқишаҳои солҳои 2018-2019 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд. Бино ба иттилои ҳукумати ин шаҳр, ӯ ба оилаҳои омӯзгор Ҳусейн Ҳакимов, сокинони ҷамоати Ворух Ҷалол Қараев ва Расиддин Тешаев маводи хӯрокворӣ, маблағи пулӣ ва ба фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Гуфта мешавад, қабл […]

Раиси шаҳри Исфара Баҳовадддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳое рафт, ки саробонашон дар муноқишаҳои солҳои 2018-2019 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои ҳукумати ин шаҳр, ӯ ба оилаҳои омӯзгор Ҳусейн Ҳакимов, сокинони ҷамоати Ворух Ҷалол Қараев ва Расиддин Тешаев маводи хӯрокворӣ, маблағи пулӣ ва ба фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Гуфта мешавад, қабл аз ин аёдат Баҳодурзода кӯмакпулии яксолаи барои фарзандони ноболиғи шаҳидгаштагонро ба суратҳисоби бонкии онҳо интиқол дод, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ иловатан ба нафақаи иҷтимоиашон пардохт мегардад.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи ин се нафар давоми солҳои 2018-2019 дар сарҳад ҳалок шудаанд.

“Хушбахтона, имсол дар қитъаи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон касе ҳалок нашуд”, – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар гуфтушунидҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад бинобар сабаби интихоботи президентии рӯзи 10 январ дар Қирғизистон таъиншуда таваққуф эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.