Раиси Суғд ба бошандагони мактаб-интернатҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пеш аз Соли нави мелодӣ ба аёдати  тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҳукумати вилоят дар шаҳри Бӯстон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода онҳоро бо фарорасии Соли нав тарбик […]

Баҳром Файзуллоев, Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пеш аз Соли нави мелодӣ ба аёдати  тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҳукумати вилоят дар шаҳри Бӯстон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода онҳоро бо фарорасии Соли нав тарбик гуфта, ба 80 нафар тарбиятгирандагон дар шаҳри Бӯстон ва 308 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат дар ҷамоати Хистеварз туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.

“Вазифаи мо – фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили шумо буда, шумо уҳдадоред, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунед. Барои ин дар доираи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи имконот муҳайё шудааст. Бигзор дар Соли нав ҳамаи орзуҳои шумо ҷомаи амал пӯшад”, – изҳор дошт зимни суханронӣ назди тарбиятгирандагон раиси вилоят.

Барои тарбиятгирандагон мактаб-интернатҳо чорабиниҳои идонаи солинавӣ ташкил карда шуда, дастархони идона ороста шуд.

Гуфта мешавад, дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки  шумораи бошандагони он 1857 нафарро ташкил медиҳад. Ба тарбиятгирандагону бошандагони муассисаҳо илова бар кумакҳои иҷтимоӣ дар арафаи идҳо низ кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Аз ҷумла дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ҳамаи муассисаҳои чорабиниҳои идона ташкил шуда, дастархони идона ороста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.