Варзишгарони барандаи ҷоизаи президент маълум шуданд: самбокорон нестанд?

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Варзишгароне, ки дар соли 2020 ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон сазовор шудаанд, маълум шуданд. Онҳо ҳамагӣ чор нафаранд, ки ҳама қаҳрамонҳои куштии озод ва юнониву румӣ дар қаҳрамонии Осиё мебошанд, гуфт як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, имсол ҷоизаро Муҳаммадҷон Икромов,  Ҳикматулло Ваҳҳобов ва Искандари Рустам  ҳар се дар риштаи кӯштии озод ва Мубинҷон Аҳмедов дар риштаи кӯштии юнониву румӣ ба даст овардаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст маросими тақдими ҷоизаҳо 31-уми декабр баргузор шавад.

Манбаъи мо мегӯяд, ки ба далели он ки самбо риштаи варзиши ғайриолимпӣ аст, имсол ба ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳони ин ришта дар Сербистон ҷоиза дода намешавад. Зеро мувофиқи низомномаи ҷоиза дар риштаҳои ғайриолимпӣ, бояд шумораи давлатҳои ширкаткунандаи сабқати варзишӣ аз 70 кишвар кам набошад.

Вале Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш рӯзи 29-уми декабр “Азия-Плюс” гуфт, ки озмуни ҷоизаи  беҳтарин варзишгар дар соли 2020 ҳафтаи гузашта анҷом ёфт.

 “Ман ҳамчун аъзои камисия ширкат доштам, дар он аз ҳама риштаҳои варзиш беҳтарин варзишгари сол муайян карда шуд. Аз самбо ҳам беҳтарин варзишгарон муайян шуданд. Аммо аз сабаби феълан, содир нашудани қарори Кумитаи варзиш номҳои онҳоро гирифта наметавонам”.

Сардори шуъбаи кор ба дастаҳои мунтахаби Кумита ҷавонон ва варзиш  Суҳроби Акбаршоҳ  чанде пеш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки 6 нафар аз риштаҳои куштии тарзи озод, юнонӣ-румӣ, самбо, бокс ва таэквандо барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2020 пешниҳод шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки  варзишгарони дигар ҳам то 18-уми декабри соли 2020 фурсат доранд номазадии худро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 бо номи “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис дода шуд, ки соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар, соли 2018 ба 74 нафар, соли 2019 42 нафар, варзишгар соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Имсол, ки бар асари ҳамагирии коронавирус аксари мусобиқоти варзишии байнламилалӣ, бо шумули мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон лағв шуданд, ки мутаносибан дастовардҳои варзишгарон ҳам дар сабқатҳои ҷаҳонӣ камтаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...