Президенти Тоҷикистон рамзи 20-солагии таъсиси СҲШ-ро тасдиқ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро тасдиқ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода баранд.

Соли 2020 Раёсат дар СҲШ ба уҳдаи Русия вогузор шуда буд. Соли 2021 Раёсат дар Созмон ба Тоҷикистон мегузарад.

Нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе доир мегардад. Аз замони таъсисёбии СҲШ 20 сол пур мешавад.

Ба СҲШ Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомил мебошанд.

Афғонистону Беларус, Эрону Муғулистон ба сифати кишварҳои нозир ва Озарбойҷону Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка – ба сифати давлатҳои шарики Созмон пазируфта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе барои қабули меҳмонони воломақом – сарони кишварҳои узви СҲШ сохтмони 10 қароргоҳи нав ҷараён дорад. Он дар мавзеи қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар дар хиёбони Рӯдакӣ сохта мешавад. Тибқи нақшаи ҳукумат, сохтмони онҳо бояд то моҳи августи соли 2021 ба анҷом расад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Teleсохтмоgram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.