Ҷоизаи Президенти Тоҷикистонро имсол 6 варзишгар мегирад

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд имсол 6 нафар варзишгари тоҷик барои натиҷаҳои ба даст овардаашон дар сабқатҳои варзишии ҷаҳонии соли 2020 номзадии хуро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Тавре дар суҳбат ба “Азия Плюс” сардори шуъбаи кор ба дастаҳои мунтахаби Кумита ҷавонон Суҳроби Акбаршоҳ гуфт, ин 6 […]

Муаллиф: Мавзуна Абдуллоева

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд имсол 6 нафар варзишгари тоҷик барои натиҷаҳои ба даст овардаашон дар сабқатҳои варзишии ҷаҳонии соли 2020 номзадии хуро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Тавре дар суҳбат ба “Азия Плюс” сардори шуъбаи кор ба дастаҳои мунтахаби Кумита ҷавонон Суҳроби Акбаршоҳ гуфт, ин 6 нафар варзишгар аз навъҳои куштии тарзи озод, юнонӣ-румӣ, самбо, бокс ва таэквандо  пешниҳод шудаанд.

Суҳроби Акбаршоҳ ҳамчунин гуфт, ки варзишгарони тоҷике, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷойҳои намоёнро сазовор гаштанд, метавонанд то 18 декабри соли 2020 номазадии худро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо охири сол баргузор мегардад. Ин намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ки то 18 декабр бархе мусобиқоти дигари варзишӣ низ ҳаст.

“Дар моҳи декабр як чанд чорабинии дигари варзишӣ аст, ки варзишгарони мо дар он мусобиқаҳо ширкат мекунанд, мо инро дар ҳолати ҳамагирӣ ба назар гирифта ин чорабиниро охири сол ҷамъбаст мекунем”.

Суҳроби Акбаршоҳ гуфт, феълан гуфта наметавонад, барои ин кор чанд ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаасту варзишгарон чандҳазорсомонии ҷоиза мебаранд, зеро озмун ҷамъбаст нашудаасту ғолибон муайян карда нашуданд.

Гуфта мешавад ҳоло аз дигар навъҳои варзиш якеӣ номзад ва аз самбо ду нафар номзад пешбарӣ шудааст. Намояндаи Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ки ҳоло наметавонад ному насаби варзишгаронро расонаӣ кунад, чун онҳоро бояд комиссия бояд интихоб кунад.

Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 бо номи “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис дода шуд, ки соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар, соли 2018 ба 74 нафар, соли 2019 42 нафар, варзишгар соҳиби ин ҷоизаи прездентӣ гардиданд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Имсол, ки бар асари ҳамагирии коронавирус аксари мусобиқоти варзишии байнламилалӣ, бо шумули мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон лағв шуданд, ки мутаносибан дастовардҳои варзишгарон ҳам дар сабқатҳои ҷаҳонӣ камтаранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?