“Ҳосилот”-и Кӯшониён пирӯзи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ футболи миёни деҳаҳо шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дастаи футболи деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Кӯшониён барандаи ҷоми мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид.

Тавре Парвиз Азимов, директори муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” – и ноҳияи Кӯшониён ба “Азия-Плюс” хабар дод мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаёти солим байни деҳаҳои кишвар баргузор гардид.

“Мусобиқа ҳанӯз аз моҳи марти соли 2020 оғоз шуда, дар марҳилаи аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва марҳилаи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. 

Дастаи деҳаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар сатҳи ноҳия ва вилояти Хатлон ҷойи аввалро соҳиб шуда ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз 21 то 26 декабр дар шаҳри Душанбе идома кард. Дастаи Ҳосилот дар финал бо дастаи ноҳияи Нуробод ба майдон баромад ва бо ҳисоби 1:0 бозиро бурд. Бо ҳамин Ҳосилот барандаи мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид”,- мегӯяд Парвиз Азимов.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ғолиби мусобиқа дастаи Ҳосилот ҷоми мусобиқа, ифтихорнома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим кард. Бояд гуфт, ки ҷойҳои дуюму сеюм дар ин мусобиқа насиби дастаи Нуробод ва ноҳияи Дарвоз гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...