Темур Раҳимов дар World Judo Masters мақоми панҷумро соҳиб шуд

Date:

Темур Раҳимов, паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо ё World Judo Masters дар Давҳаи пойтахти Қатар, ки баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрда буд, дар даври шонси муҷаддад ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод, вале дар рақобатҳо барои медоли биринҷӣ  аз Якив Хаммои укроинӣ шикаст хӯрд.  

Темур Раҳимов дар даври аввал рақиби утришиаш Стефан Ҳегиро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва дар даври дувум бар рақиби пурзӯраш Сассон Ори исроилӣ пирӯз шуд.

Аммо дар давре сеюм аз ҷудокори рус Инал Тасоев шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо барои ба даст овардани медалли тилои ин сабқати бонуфуз маҳрум шуд.

Аммо Темур Раҳимов дар даври шонси муҷаддад ё тасаллобахш ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод ва барои ба даст овардани медоли биринҷӣ раҳ пайдо кард.

Дирӯз дар ин сабқатҳо ду паҳлавони номии тоҷик дар давраи аввал мағлуб шуданд. 

Сомон Маҳмадбеков  дар даври аввал аз Акил Ҷаково аз Косово  ва Беҳрӯзи Хоҷазода аз намояндаи Молдова Виктор Стерпу шикаст хӯрданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...