Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба кор медарояд

Дар шаҳри Душанбе аз 18 январ хатсайри нави троллейбуси №2 ба кор оғоз мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, хатсайри нави троллейбус аз маҳаллаи Зарафшон то Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳаракат мекунад. Ба мусофирон троллейбусҳои бе ноқили тамғаи БК 32100D хизматрасонӣ мекунанд. Гуфта мешавад, троллейбусҳои хатсайри нав тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, […]

Дар шаҳри Душанбе аз 18 январ хатсайри нави троллейбуси №2 ба кор оғоз мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, хатсайри нави троллейбус аз маҳаллаи Зарафшон то Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳаракат мекунад. Ба мусофирон троллейбусҳои бе ноқили тамғаи БК 32100D хизматрасонӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, троллейбусҳои хатсайри нав тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониш равуо мекунанд.

Зикр мегардад, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи “Белкоммунмаш”-и Белорус мебошанд. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Ин троллейбусҳо ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба ҳаракат оғоз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.