Дар Лугари Афғонистон корхонаи минасозии “Толибон”-ро кашф карданд

Дар вилояти Лугари Афғонистон як коргоҳи минасозии ҳаракати "Толибон"-ро кашф кардаанд. Дар ин бора бахшии дарии Садои Амрико хабар додааст. Ба гузориши Садои Амрико бо нақли қавл аз Вазорати дифои Афғонистон, ин корхона баъди кашф аз сӯйи мақомоти Афғонистон вайрон карда шудааст. Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки ин корхонаро дар натиҷаи як амалиёти вижаи неруҳояш […]

Asia-Plus

Дар вилояти Лугари Афғонистон як коргоҳи минасозии ҳаракати "Толибон"-ро кашф кардаанд. Дар ин бора бахшии дарии Садои Амрико хабар додааст.

Ба гузориши Садои Амрико бо нақли қавл аз Вазорати дифои Афғонистон, ин корхона баъди кашф аз сӯйи мақомоти Афғонистон вайрон карда шудааст. Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки ин корхонаро дар натиҷаи як амалиёти вижаи неруҳояш шаби гузашта ошкор ва тахриб кардаанд. 

Вазорати дифои Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки "Толибон" бо сохту сози мина дар ин корхона ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медодаанд  ва биноҳои истифодаи умумро тахриб мекардаанд.

Кашфи корхонаи сохту сози минаи "Толибон" дар ҳолест, ки вақтҳои ахир дар Афғонистон террорҳои ҳадафманд ба василаи минаҳои часпакӣ ва ҷосозишуда дар худравҳову коргоҳҳо зиёд шудааст. Дар ин террорҳо, асосан шахсиятҳои маъруф, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва сиёсиҳо мавриди ҳадаф қарор мегиранд.

Тибқи маълумоте, ки вазорати дифои Афғонистон ироа кардааст, аз ин корхона беш аз 200 тири тӯби D-30, минаҳои бушкаӣ ва миқнотисӣ (магнитӣ) ба дасти неруҳои мусаллаҳ уфтодааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.