Темур Раҳимов дар World Judo Masters мақоми панҷумро соҳиб шуд

Темур Раҳимов, паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо ё World Judo Masters дар Давҳаи пойтахти Қатар, ки баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрда буд, дар даври шонси муҷаддад ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод, вале дар рақобатҳо барои медоли биринҷӣ  аз Якив Хаммои укроинӣ шикаст хӯрд.   Темур Раҳимов дар даври аввал рақиби утришиаш Стефан Ҳегиро […]

Темур Раҳимов, паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо ё World Judo Masters дар Давҳаи пойтахти Қатар, ки баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрда буд, дар даври шонси муҷаддад ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод, вале дар рақобатҳо барои медоли биринҷӣ  аз Якив Хаммои укроинӣ шикаст хӯрд.  

Темур Раҳимов дар даври аввал рақиби утришиаш Стефан Ҳегиро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва дар даври дувум бар рақиби пурзӯраш Сассон Ори исроилӣ пирӯз шуд.

Аммо дар давре сеюм аз ҷудокори рус Инал Тасоев шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо барои ба даст овардани медалли тилои ин сабқати бонуфуз маҳрум шуд.

Аммо Темур Раҳимов дар даври шонси муҷаддад ё тасаллобахш ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод ва барои ба даст овардани медоли биринҷӣ раҳ пайдо кард.

Дирӯз дар ин сабқатҳо ду паҳлавони номии тоҷик дар давраи аввал мағлуб шуданд. 

Сомон Маҳмадбеков  дар даври аввал аз Акил Ҷаково аз Косово  ва Беҳрӯзи Хоҷазода аз намояндаи Молдова Виктор Стерпу шикаст хӯрданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.