Низоми идораи президентӣ дар Қирғизистон ба ҳалли мушкилоти марзӣ мусоидат мекунад?

Сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки минбаъд дар Қирғизистон президент дарвоқеъ ҳам кафили субот ва рушди кишвар шуда метавонад. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки чизи муҳим дар интихоботи рӯзи якшанбе дар Қирғизистон барпошуда на интихоби худи президент, балки раъйпурсӣ дар бораи шакли ҳокимият аст. Ӯ муътақид аст, ки гузаштан […]

Сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки минбаъд дар Қирғизистон президент дарвоқеъ ҳам кафили субот ва рушди кишвар шуда метавонад.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки чизи муҳим дар интихоботи рӯзи якшанбе дар Қирғизистон барпошуда на интихоби худи президент, балки раъйпурсӣ дар бораи шакли ҳокимият аст.

Ӯ муътақид аст, ки гузаштан аз шакли идоракунии парлумонӣ ба шакли ҳокимияти президентӣ дар кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон, ки аксари кулл аз он ҷонибдорӣ намуданд, вазъияти сиёсиро дар Қирғизистон куллан дигар мекунад.

“Акнун президент Ҷабборов бо ваколатҳои зиёдаш аз тағйирот дар долонҳои парлумону вазъият дар кӯчаҳои шаҳрҳо вобаста нахоҳад буд, балки бидуни назардошти ақидаи гурӯҳе ҷасурона фаъолияти ҳамаи вазоратҳоро ҳамоҳанг хоҳад сохт”, – таъкид дошт Мамадазимов.

Ба ақидаи сиёсатшинос, дар Қирғизистон “ҳокимияти ковоку ларзон ба идоракуниии қатъиву устувор иваз шуд”.

“Маҳз ҳукмронии қатъиву устувор метавонад ба баҳсҳои чандинсола ва бенатиҷаи Қирғизистон бо ҳамсояикшварҳо дар масоили таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марз хотима бахшад”, – афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.