Обуҳавои Тоҷикистон то 20 январ чӣ гуна мешавад?

Дар Тоҷикистон то 18 январ тағйироти назарраси вазъи обуҳаво пешбинӣ намешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии гидрометереорологии ҶТ Ҷамила Байдуллоева. Ба гуфтаи ӯ, то 20 январ дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест: рӯзона ҳавои софу гарм, лекин шабона хунук мешавад. Байдуллоева ронандагонро огоҳ намуд, ки дар робита ба сардиҳо дар роҳҳо яхбандӣ […]

Дар Тоҷикистон то 18 январ тағйироти назарраси вазъи обуҳаво пешбинӣ намешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии гидрометереорологии ҶТ Ҷамила Байдуллоева.

Ба гуфтаи ӯ, то 20 январ дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест: рӯзона ҳавои софу гарм, лекин шабона хунук мешавад.

Байдуллоева ронандагонро огоҳ намуд, ки дар робита ба сардиҳо дар роҳҳо яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар шаҳри Душанбе то охири ҳафта ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳарорат шабона аз 3 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат шабона аз 4 драҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона ҳарорати 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ шабона то 2 дараҷа хунук ва дар баъзе ноҳияҳо ҳавои гарм дар назар буда, ҳарорат рӯзона 15-17 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо 4-9 дараҷа хунук ва дар Ҷиргатол то 17 дараҷа хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.