Ҳаво дар охири ҳафта 10 дараҷа хунуктар мешавад

Asia-Plus

Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз пойин рафтани ҳарорати ҳаво дар ин ҳафта хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, дар миёнаҳои ҳафта дар тамоми қаламрави кишвар пойин рафтани шиддати гармии ҳаво пешгӯйӣ мешавад. 

Имрӯз, 19-уми январ  дар бештари манотиқи кишвар интизор меравад борон биборад, дар баъзе манотиқи ВМКБ барф пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар миёнаҳои рӯз 12-13 дараҷа гарм хоҳад буд.

20-уми январ бориш нест, вале то 2-3 дараҷа пойин рафтани ҳаво дар назар аст. 21-уми январ ҳам дар бештари қисматҳои кишвар бориш нест. Ҳаво нимабрӣ хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво дар  водиҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ  12-17 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 3-8 дараҷа тахмин мешавад.

Дар Хуҷанд дар ин рӯз каме хунуктар – рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад буд.  Дар маҷмуъ, дар Суғд ҳаво рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад буд. 

Дар Хоруғ ҳаво дар миёнаҳои ҳафта хунуктар хоҳад шуд. Рӯзона 0-2 дараҷа хунук мешавад, дар Мурғоб – 15-17 дараҷа зери сифр. Дар вилоят ҳавои тағйирёбанда хоҳад буд. Дар ғарби вилоят аз 0-5 дараҷа хунук то 4-9 дараҷа хунукӣ, дар шарқи вилоят  аз 11-16 то 19-24 дараҷа хунукӣ пешбинӣ мешавад. 

Ҳавои вилояти Хатлон мисли Душанбе гуфта мешавад, ки рӯзона гармшавии ҳаво то 14-16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо то 11-16 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 9-14 дараҷа гармӣ мешавад. 

Аз 22-юми январ хунукиҳо пешбинӣ мешавад, далелаш зиддисиклони сарде гуфта мешавад, ки хунукиву барфро ба кишвар бармегардонад.  Дар ин рӯз дар тамоми кишвар барф пешгӯйӣ мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриву вилояти Хатлон борон ба барф табдил меёбад. 

Дар Душанбе баъди гармиҳои 14-16-дараҷаи ҳаво то 0-2 дараҷа сардӣ пойин мефарояд. 22-январ дар Хуҷанд барф меборад, рӯзона ҳаво 3-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар вилояти Суғд дар маҷмуъ хунукӣ аз 2-7 дараҷа дар назар аст.

Дар ин рӯз ҳаво дар ВМКБ 6-8 дараҷаи зери сифр ва дар Мурғоб 16-18 гуфта мешавад.  Дар ғарби вилоят аз 0-5 то 4-9 дараҷа хунук ва дар шарқ рӯзона аз 11-16 то 19-24 дараҷа сардӣ (дар минтақаи Блункӯл аз 26-28 то 31-33 дараҷа хунукӣ) мешавад.

Дар Бохтар, гармтарин минтақаи кишвар ҳам ҳаво хунук мешавад ва дар дараҷаи -1+1 хоҳад буд. Дар вилоят ҳавои -3+2 гуфта мешавад. 

23 январ бориш дар назар нест, аммо ҳаво хеле хунук пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар тамоми кишвар хунук гуфта мешавад, ки нисбат ба аввали ҳафта то 8-10 дараҷа пойинтар хоҳад буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...