Бонки миллӣ: “Бинои нав сохтанӣ нестем”

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ лоиҳаи бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон нашр шуд. Акс дар саҳифаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Facebook пайдо шуд. Дар маълумот зикр шуда буд, ки ин бино тахминан на камтар аз 16-ошёна хоҳад буд. Ин навишта мавриди баҳс дар Facebook қарор гирифта, касе аз сарфакорӣ ва оқибатҳои коронавирус, дигаре […]

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ лоиҳаи бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон нашр шуд. Акс дар саҳифаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Facebook пайдо шуд. Дар маълумот зикр шуда буд, ки ин бино тахминан на камтар аз 16-ошёна хоҳад буд.

Ин навишта мавриди баҳс дар Facebook қарор гирифта, касе аз сарфакорӣ ва оқибатҳои коронавирус, дигаре доир ба мувофиқи мақсад будани харҷи пул барои сохтмони бино ҳарф заданд. Чандеи дигар лоиҳаро мавриди интиқод қарор дода, изҳор доштанд, ки он ба шароити мо мутобиқ нест.

Барои шарҳ ба Бонки миллии кишвар муроҷиат кардем ва дар он ҷо ба мо хабар доданд, ки “ҳарчанд меъморон лоиҳаро таҳия карда бошанд ҳам, умуман бинои нав сохтанӣ нестанд”.

“Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди сохтмони бинои нав ягон тасмиме нагирифтааст ва нақшаи сохтмони биноро ҳам надорад”, – гуфтанд дар БМТ.

Зимнан зикр шуд, ки қисме аз ҳайати кормандони Бонк дар бинои қаблӣ воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 23/2 дар шафати Вазорати молияи ҶТ (наздики Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) ва қисме дар бинои Душанбе Плаза кору фаъолият доранд.

Дар ҷойи бинои тахрибшуда Бонки миллӣ маҷмааи боғи нави "Истиқлолият" бунёд мегардад.

Ёдрас мекунем, ки овозаҳо дар бораи тахриб шудани бинои ҳозираи Бонки миллии Тоҷикистон кайҳост инҷониб ҷой доранд. Ҳанӯз соли 2018 Бонки миллӣ паймонкорони ватаниву хориҷиро ба иштирок дар озмун оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави Бонкдаъват карда буд.

Он замон зикр шуда буд, ки бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.

Сохтмони бинои тахрибшудаи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.

Бинои пештараи Бонки миллии кишвар дар хиёбони Рӯдакӣ рӯ ба рӯи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст. Ин бино то ҳол дар ихтиёри Бонки миллӣ қарор дошта, дар он баъзе раёсатҳо фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.