Гӯристони яҳудиёни Хуҷандро баъди марги охирин яҳудии ин шаҳр кӣ нигоҳубин мекунад?

Ҳафтае пеш Ҷӯра Абаев, охирин яҳудии вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебурд дар 83-солагӣ даргузашт ва ҷасадашро дар қабристони яҳудиён, ки дар канори шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, дафн карданд. Барои яҳудиён нигоҳубин ва ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани гӯристон яе аз суннатҳои муҳим дониста мешавад ва сарфи назар […]

Ҳафтае пеш Ҷӯра Абаев, охирин яҳудии вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебурд дар 83-солагӣ даргузашт ва ҷасадашро дар қабристони яҳудиён, ки дар канори шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, дафн карданд.

Барои яҳудиён нигоҳубин ва ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани гӯристон яе аз суннатҳои муҳим дониста мешавад ва сарфи назар аз ин ки дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон бошанд, нафареро барои нигоҳубини гӯристон масъул мегузоранд.

Гуфта мешавад ин охирин яҳудии Хуҷанд аз насли яҳудиёни бухорӣ буд, ки то поёни умр масъулияти нигоҳубини гӯристони ҳаммилатонашро ҳам дӯш дошт. Акнун бо рафтани ӯ саволе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки чӣ касе ба тозаву озода кардан ва нигоҳу бини ин гӯристон машғул мешавад. Моро ёфтани посух ба ин савол ба ин гӯристон кашид.

Оромгоҳи яҳудиёни шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Оқариқи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар канори шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ки бо девори баланде ҳисорбандӣ шудааст.

 Замоне, ки мо ба ин ҷо омадем як нафар, ки худро посбони гӯристон муаррифӣ кард, вале аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи ин оромгоҳ худдорӣ кард. Танҳо гуфт, ки ҳамасола гурӯҳе аз яҳудиён аз кишварҳои хориҷӣ ба ин ҷой омада қабристонро тоза мекунанд.

 “Моҳҳои июн-июл гурӯҳе аз яҳудиён омада ҳар як қабрро тоза мекунанд, бутаҳои майдони атрофи онро мекананд ва барои ободонӣ маблағгузорӣ мекунад”,-гуфт ин посбон.

Гуфта мешавад ин қабристон таърихи беш аз 100-сола дорад. Бунёди онро ба замони омадаву маскун шудани аввалин яҳудиёни бухороӣ ба Хуҷанд  марбут медонанд. Бино ба шавоҳди мардумони маҳаллӣ дар Хуҷанд аввалин яҳудиёни бухороӣ соли 1868 ба Хуҷанд омада, то фурӯпошии Шӯравӣ шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафар мерасидааст.

Ҳоло дар ин қабристон ба назар мерасад, ки бештар аз 100 гӯр мавҷуд аст.

Масъулини шӯъбаи маросими дафн дар Хуҷанд мегӯянд, дақиқ нест, ки ин оромгоҳ кай бунёд шудааст ва соли ташкилёбии онро ба солҳои то 1900 тахмин мекунанд. Қаҳрамон Ахмедов сардори шӯъбаи маросими дафни шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт эҳтимол 1000 нафар яҳудиён дар ин оромгоҳ дафн шуда бошанд, вале дар ин бора маълумоти дақиқ нест.

Ӯ мегӯяд, дар Хуҷанд яҳудиёни лаҳистонӣ ҳам бар сар мебурданд, ки то солҳои 1900 вафот кардаанд дар якумини қабристони мардумони исловитабор (славян), воқеъ дар кӯчаи Гагарини Хуҷанд  дафн шудаанд, ки ҳоло дар он ҷо дигар касе дафн карда намешавад.

“Ҳамасола яҳудиён аз давлатҳои дигари хориҷӣ барои қабристон маблағгузорӣ мекунанд ва гурӯҳе меоянду қабрҳову майдони оромгоҳро ободу тоза мекунанд.  Дар масъалаи таъмиру ободонии ин қабристон худи яҳудиёни берун аз Тоҷикистон худ маблағгузорӣ мекунанд. Дар қисме аз қабристон яҳудиёни лаҳистонӣ каблан дафн шудаанд ва баъдан то ба имрӯз яҳудиёни бухорӣ дар қисми дигар дафн мешуданд”. –

Ҳоло ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ яҳудиёне, ки дар Душанбе ва хориҷ аз кишвар умр ба сар мебаранду наздикону пайвандонашон дар ин ормгоҳ мадфунанд, барои нигоҳубини ин гӯристон маблағгузорӣ мекунанд ва нафаронеро ҳам масъул кардаанд, ки нигоҳубинашро ба дӯш бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.