Рустам Хоҷаев сармураббии нави тими “Хуҷанд” шуд

Рустам Хоҷаев сармуррабии нави тими бошгоҳи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин шудааст. Дар ин бора Федератсияи футболи вилояти Суғд хабар медиҳад. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Ҳаким Каримов омад, ки ҳамагӣ 6 моҳ кор кард.  Ҳамчунин дар баробари сармуррабӣ, Фаррух Марофиев ба унвони мураббии калон ва Мансур Ҳакимов ба ҳайси мураббӣ  дар ин бошгоҳ таъин […]

Рустам Хоҷаев сармуррабии нави тими бошгоҳи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин шудааст. Дар ин бора Федератсияи футболи вилояти Суғд хабар медиҳад. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Ҳаким Каримов омад, ки ҳамагӣ 6 моҳ кор кард. 

Ҳамчунин дар баробари сармуррабӣ, Фаррух Марофиев ба унвони мураббии калон ва Мансур Ҳакимов ба ҳайси мураббӣ  дар ин бошгоҳ таъин шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин тағйирот дирӯз, 18-уми январ дар як ҷаласаи корӣ аз сӯйи мудири иҷроияи бошгоҳ Муродҷон Умаров сурат гирифтааст. 

Рустам Хоҷаев дар гузашта яке аз футболбозони маъруфи тоҷик буд, ки дар тими миллӣ ба унвони нимҳимоятгар бозӣ кардааст. 

Рустам Хоҷаеви 44-сола таҷрибаи сармуррабигиро дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар ва "Барқчӣ"-и пойтахт ҳам дорад ва дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов низ ҳаст. 

Соли 2013 Рустам Хоҷаев беҳтарин муррабии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд ва ҳамон сол дастаи "Хайр" барандаи медалҳои биринҷӣ ва соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.