Умед Бобохонов: “Мо аз як нашрияи муваффақ даст намекашем”

Умед Бобохонов, Asia-Plus

Имрӯз зодрӯзи рӯзномаи мост. Шумораи нахустини “Азия-Плюс” 21 сол муқаддам – 21 январи соли 2000 ба нашр расида буд.

Онҳое, ки бузургсолтаранд, медонанд он замон чӣ рӯзҳое буд. Ҳукумат ва мухолифин тоза ба тавофуқ расида буданд, ба кишвар гурезаҳо баргашта буданд, кишвари валангоршуда дардмандона ба зиндагии одӣ баргашт.  Дар нигоҳи мардум баъди солиёни дароз бори аввал УМЕД пайдо шуд.

Мо ҳам бо ҳамин умед тарҳи нави худро рӯйи даст гирифтем. Аз ин хотир “Азия-плюс”-ро ба унвони “Рӯзномаи Тоҷикистони нав”  матраҳ кардем, нашрияе, ки ҷомеаи моро дар роҳи рафтан ба пеш – ба сӯйи сулҳ, шукуфоӣ ва дороӣ ёрмандӣ мекард.  

Солиёни зиёде аз он рӯзгор мегузарад, чизи зиёде дар ин масир тағйир кард. Баъзе аз умедвориҳои мо бароварда шуд ва бархе ҳам не. Дар ин солҳо наслҳое ҳам бузург шуданду камол ёфтанд, ки  ҳеч гоҳе рӯзнома нахонданд ва одат доранд, ки иттилоъро аз телефонҳои ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бигиранд. Тасодуфӣ ҳам нест, ки солҳои ахир пешгӯйиҳое дар бораи марги дар роҳи нашрияҳои чопӣ ва рафтани гуруҳии мухотабон ба “диҷитол” садо медиҳанд.

Аммо то кунун ин иддаоҳо таҳаққуқ пайдо накардаанд. Ва на танҳо дар Тоҷикистоне, ки интернети заъиф дорад, балки ҳатто дар кишварҳои рушдкардаи Ғарбу Шарқ ҳам. Бале, бахши қобили мулоҳизаи  мардум дар ҳамаи кишварҳо иттилоъро аз интернет меҷӯянд, бале, теъдоди нашр ҳам хеле кам шуд, вале расонаҳои чопии босифат ҳамеша дар масир мемонанд ва рушд мекунанд. Рӯзномаи “Азия-Плюс” ҳам дар шумори онҳост.

Мо бидуни дардисаре метавонистем рӯзномаро бибандему ба онлайн, ки он ҷо ҳам мухотабони бисёреву бозори реклами хубе дорем, бигзарем. Вале мо рӯзномаи худро дӯст медорему бар инем, ки он комилан пойгоҳҳои маҷозии моро такмил мекунад. Канор гузоштани як рӯзномаи муваффақ иштибоҳи дучандон аст, ки дар чанд соли ахир расонаҳои чопӣ, дубора сари дасту забонҳо хоҳанд уфтод.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки, чӣ рӯзномае дар сари мизи кор ва ё дар рахти меҳмонхонаат аст, мешавад дар бораи мавқеи зиндагӣ, дар мавриди арзишҳо ва ниҳоят таҳсилу ҷаҳонфаҳмият хулоса кард.

Агар шумо нашрияи “Азия-Плюс”-ро мехонед, шумо – инсонҳои инзамонии таҳсилкардае ҳастед, ки ҷонибдори рушди ҷомеаи мо, ҷонибдори иқтисоди озод ва Тоҷикистони ҳамапазиру таҳаммулпазиред. Ҳадди аққал  мо нашрияи худро барои ҳамин гуна хонандаҳо месозем. Агар шумо дидгоҳҳои дигаре доред ва нашрияи моро бо иштибоҳ харидаед, дубора онро баргардонед – мо ҳам пули шуморо бозпас медиҳем.

Бо таҷлил аз рӯзи таваллуди худ, мо мехоҳем ба хонандаҳои худ ташаккур бигӯйем. Ва ба онҳое низ, ки ин ҳама сол дӯшодӯши мо мераванд ва ба мухотабони ҷавоне низ, ки  тоза “Азия-Плюс”-ро барои худ кашф мекунанд. Мо барои Шумо кор мекунем, дӯстон. Ва мо талош мекунем, ки дар идома ҳам нашрияи худро ҷолибтар, хонданитар ва ҳушмандтар кунем. То шумо ҳар ҳафта  бо ангезаи хуше шумораи тозаеро, ки ҳанӯз бӯйи ранги дастгоҳҳои чоп мекунад, боз кунеду  бифаҳмед, ки  чӣ чизи наву муфиде барои зиндагиву кору тиҷорат аст.

Дар 21 зиндагӣ тоза оғоз мешавад!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...