Тӯли 8 сол дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон қариб 8 баробар афзуданд

Арзиши умумии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон айни замон 2 млрд 566 млн сомонӣ (230 млн доллар) баҳогузорӣ мешавад, қайд мешавад дар Барномаи ҷорисозии низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди дар ҷумҳурӣ барои давраи солҳои 2021-2024. Гуфта мешавад, дороиҳои роҳҳои автомобилгард (таркиб ва арзиши амволи роҳҳои автомобилгард)-и кишвар дар муқоиса бо соли 2012, ки он замон 325,8 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши умумии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон айни замон 2 млрд 566 млн сомонӣ (230 млн доллар) баҳогузорӣ мешавад, қайд мешавад дар Барномаи ҷорисозии низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгарди дар ҷумҳурӣ барои давраи солҳои 2021-2024.

Гуфта мешавад, дороиҳои роҳҳои автомобилгард (таркиб ва арзиши амволи роҳҳои автомобилгард)-и кишвар дар муқоиса бо соли 2012, ки он замон 325,8 млн сомонӣ арзёбӣ мешуданд, қариб 8 баробар афзудаанд.

Масофаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 27 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 14 ҳазор роҳҳои мошингард бо 2232 пул дар тавозун (баланс)-и муассиаҳои дахлдори давлатии тобеи Вазорати нақлиёт ва наздики 13 ҳазор километр роҳи байнихоҷагӣ ва байниидоравӣ дар ихтиёри дигар ташкилоту корхонаҳо қарор доранд.

Муаллифони Барнома таъкид месозанд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар вазъияти роҳҳои автомобилгард куллан тағйир ёфта, Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии рушд – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.

Дар ин давра зиёда аз 2 ҳазору 768 километр роҳҳо, 5 нақбу 403 пул бо истифода аз технологияи муосир ва мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ сохта ва таъмиру навсозӣ шуданд.

Ғайр аз ин, бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зиёда аз 600 адад техникаи муосири пешрафта ва таҷҳизот барои тақвияти имконоти техникии муассисаҳои давлатии истифода ва нигаҳдории роҳҳо харида шудааст.

Айни замон 1619 адад техникаи таъмири роҳоо ва нақлиёти автомобилӣ дар тавозуни муассисаҳои давлатии истифода ва нигаҳдории роҳҳо қарор доранд.

Барнома ба ҷорисозии низоми зеҳнии идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгард равона мешавад. Он дар доираи кумаки молиявии аз ҷониби Боки осиёии рушд ҷудошуда таҳия шудааст.

Иҷрои тадбирҳои дар Барнома пешбинишуда аз ҳисоби кумаки техникии беруна ва кумаки молиявӣ таъмин мешавад.

Роҳи беҳтарини Осиёи Марказӣ?

Тибқи маълумоти раддабандии охири Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, аз лиҳози сифати роҳҳо Тоҷикистон байни 141 кишвари саросари дунё зинаи 50-умро ишғол мекунад.

Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон болотар аз Тоҷикистон ҷойгир аст. Ба ҷумҳурии мо дар зарфи якчанд сол муяссар шуд, ки мавқеи худро якбора 20 зина – аз 70-ум дар соли 2017 то 50-ум дар соли 2019 беҳтар кунад.

Наздиктарин кишвар ба Тоҷикистон дар рейтинг миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мебошад, ки дар мақоми 93-юм ҷойгир аст.

Лекин зимни арзёбии вазъитяти роҳҳои автомобилгард муаллифони раддабандӣ шояд вазъияти роҳҳои ВМКБ-ро ба инобат нагирифта бошанд.

Ба ғайр аз роҳҳои ҳамин вилояти мухтор, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ қариб дигар ҳама роҳҳои автомобилгард аҳ ҳисоби ҷалби гранту қарзҳои сарпарастони беруна таъмиру навсозӣ шуданд. Одамон пас аз 14-16 соати азобу машаққат дар роҳҳо аз Душанбе ба Хоруғ меерасанд. Ин роҳҳо ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта асфалтпӯш шуда, ҳоло аз он қариб чизе боқӣ намондааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳи мошингард ягона тарзи сафар аз пойтахт ба Хоруғ ва бозгашт аз он ҷо аст: чандин сол инҷониб алоқаи ҳавоии мунтазам бо минтақа вуҷуд надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.