Ҷаримаи 150 ронандаи автомашинаҳои боркаш дар Душанбе

Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар Душанбе нисбат ба 150 нафар ронандагони автомашинаҳои боркаш ки қоидаҳои бехатариро риоя накарда, ҳангоми фаъолияти корӣ ба ифлос намудани муҳити зист даст задаанд, протокол (санад)-ҳои маъмурӣ тартиб доданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, илова бар ин ба роҳбарони 18 иншоотҳои сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии […]

Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар Душанбе нисбат ба 150 нафар ронандагони автомашинаҳои боркаш ки қоидаҳои бехатариро риоя накарда, ҳангоми фаъолияти корӣ ба ифлос намудани муҳити зист даст задаанд, протокол (санад)-ҳои маъмурӣ тартиб доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, илова бар ин ба роҳбарони 18 иншоотҳои сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна амрномаҳои мақомоти давлатии БДА супорида шуданд.

Гуфта мешавад, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайроншавии бармаҳал ва косташавии ҳусни кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, ифлосшавии муҳити зист, пешгирии истифодабарии воситаҳои нақлиёти боркашонии бо намуди зоҳирии ифлос, тибқи нақшаи таҳиягардидаи Раёсати ВКД дар пойтахт дар хиёбону кӯчаҳо пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешавад.

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ новобаста аз шакли моликияташон, эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ ҳамаҷониба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи 322 КҲВМ ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), барои бо нақлиёти автомобилӣ кашонидани борҳои пошхӯранда, ки пардаҳои ҳимоявӣ надорад, таъмин накардани мустаҳкамии бордон ва асбобҳои мустаҳкамкунанда, инчунин риоя накардани тартиби муқарраршудаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ, ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 120 то 180 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.