Зимистони пас аз баҳор. Тоҷикистон барфпӯш шуд

Date:

Пас аз рӯзҳои бардавоми офтобӣ, ки ҳарорат то 20 даораҷа гарм шуд, ба ҷумҳурӣ боз зимистон баргашт, бо боришоти зиёд.

Шаби гузашта дар ҷумҳурӣ барфи зиёд борида, барфрезӣ то ҳол идома дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ин боришот бар асари бархӯрди гармии ҷануб бо ҳавои арктикӣ ба вуҷуд омада, ба боришоти шадид, бӯрону яхбандӣ ва шамоли сахт боис гардид.

Имрӯз роҳҳо пур аз барфтӯда буда, ях бастанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар минтақаҳои кӯҳистони ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор ва дар ғарби ВМКБ тармафароиҳо дар назар аст.

Дар сомонаи Агентии обуҳавошиносӣ қайд мешавад, ки шоми рӯзи шанбе ҳаво соф мешавад.

Ва табиист, ки сардӣ низ ҳукмфармо мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ноҳияҳои водибуда шабона 5-100 хунук, рӯзона аз 1-60 хунук то -2+30, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-130 хунук, рӯзона 1-60 хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд шабона 15-200 хунук, рӯзона 6-110 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 13-180 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 21-260 хунук, рӯзона 6-110 хунук мешавад.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ шабона 9-140 хунук, дар баъзе ноҳияҳо 17-220 хунук, рӯзона 5-100 хунук, дар шарқи ВМКБ шабона 29-340 хунук, дар баъзе ноҳияҳо 37-420 хунук, рӯзона 11-160 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 19-240 хунук (дар мавзеи Булулункӯл шабона 50-520 хунук, рӯзона 27-290 хунук) мешавад.

То 27 январ дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...