Оё мешавад аз Тоҷикистон ба Қазоқистон тариқи Ӯзбекистон тронзит сафар кард?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баъди барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон ба Қазоқистон раванд.

Лекин ин ба онҳо муяссар нашуд. Ҳамчунин талошҳои тоҷикистониён баҳри ба Қазоқистон рафтан тарқи Ӯзбекистон бо роҳи заминӣ низ бенатиҷа анҷом ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи Тошканд ё дигар кишварҳо мехоҳанд ба Қазоқистон раванд, ҳатман бояд бо худ иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Қазоқистон ҷиҳати вуруд ба қаламрави ин кишварро дошта бошанд.

“Ҳафтаи гузашта, замоне, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ парвози аввалин бо хатсайри Душанбе-Тошканд ба иҷро расид, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз расидан ба фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон хостанд, ки ба хатсайри ҳавоии самти Алмаато билет харанд, лекин сохтори марбутаи Ӯзбекистон фурӯхтани билетро ба онҳо бо сабаби надоштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Қазоқистон ҷиҳати вуруд ба қаламрави ин кишвар рад кард”, – қайд кард манбаъ.

Ҳамчунин бо худ доштани маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз COVID-19, ки тариқи гирифтани тест на дертар аз 72 соат то расидан ба Қазоқистон дода шудааст, зарур аст.

Ба таъкиди манбаъ, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Қазоқистон сафар кардан мехостанд, аз сохторҳои давлатии Қазоқистон даъватнома доштанд, лекин ин ҳам ба инобат гирифта нашуд ва дар ин ҷо ҳам далел оварда шуд, ки доштани иҷозатномаи расмии Ситоди чумҳуриявии муовимат бо коронавируси Қазоқистон лозим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...