Эмомалӣ Раҳмон: Кодекси нави андозро то моҳи март омода кунед

Date:

Президенти Тоҷикистон аз Вазорати молия ва сохторҳои дигари Ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки Кодекси нави андозро то моҳи март омода кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ аз сохторҳои гуногун талаб кард, ки дигар монеъагузорӣ накунанду корро кашол надиҳанд.

Президент дастур дод, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ кунанд.

"Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намояд".

Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд будани саҳми бахши хусусӣ дар ММД тавсиф карда гуфт, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 70%, ташкил кардани ҷойҳои корӣ 68%  ва даромадҳои андозӣ ба буҷаи давлат 80% аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...