Ниҳоди нав: Агентии иноватсия ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъсис меёбад

Дар Тоҷикистон сохтори нав – Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Инро Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард ва дастур дод, ки сохторҳои марбут чораандешӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ташкили ин сохтори навро барои роҳандозии иқтисодӣ рақамӣ ва ҳукумати электронӣ зарур шуморид, ки ба иқрори эшон, Тоҷикстон дар ин […]

Дар Тоҷикистон сохтори нав – Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Инро Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард ва дастур дод, ки сохторҳои марбут чораандешӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ташкили ин сохтори навро барои роҳандозии иқтисодӣ рақамӣ ва ҳукумати электронӣ зарур шуморид, ки ба иқрори эшон, Тоҷикстон дар ин росто хеле ақиб мондааст.

"Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.