Қитъаи замин ба ширкати навбатӣ барои сохтмони меҳмонхонаи пуршукӯҳ дар пойтахт

Меҳмонхонаи нави муосир дар қисмати шимолу ғарби Душанбе дар доираи лоиҳаи сохтмони бинои баландошёнаи бисёрсоҳавӣ бунёд мегардад. Дар қарори ҳукумат дастур дода мешавад, ки ҳудуди 1 гектар қитъаи замин аз ҳисоби Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" гирифта шуда, барои бунёди маҷмааи бисёрошёна бо меҳмонхонаи муосир ба ихтиёри ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” дода шавад. Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" байни Намоишгоҳи […]

Меҳмонхонаи нави муосир дар қисмати шимолу ғарби Душанбе дар доираи лоиҳаи сохтмони бинои баландошёнаи бисёрсоҳавӣ бунёд мегардад.

Дар қарори ҳукумат дастур дода мешавад, ки ҳудуди 1 гектар қитъаи замин аз ҳисоби Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" гирифта шуда, барои бунёди маҷмааи бисёрошёна бо меҳмонхонаи муосир ба ихтиёри ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” дода шавад.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" байни Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) каме болотар аз Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (“Ҷазира”) ҷойгир шудааст.

Дар санад қайд мешавад, ки ширкати сохтмони “Элит-Сервис-Строй” барои бунёди маҷмаа 0.69 гектар гулгашт ва чаманзори боғи “Ҷавонон” ва 0.24 гектар пайроҳаҳои пиёдагардро мегирад.

Дар бораи ширкати сохтмон

ҶДММ “Элит-Сервис-Строй” соли 2007 таъсис дода шуда, дар сомонааш худро яке аз пешсафони шоистаи бозори сохтмони кишвар тайи беш аз 10 сол инҷониб муаррифӣ мекунад.

Маълумот дар бораи муассисони “Элит-Сервис-Строй” мавҷуд нест.

Гуфта мешавад, биноҳои аз ҷониби ин ширкат қоматафрохта дар кӯчаҳои маъруфи пойтахт: Пушкин, Испечак, Қаҳҳоров, Сомонӣ, Бухоро, инчунин бӯстонсароҳо дар дараи Варзоб ҷойгир шудаанд.

Сохтану боз сохтан

Ба ақидаи коршиносон, раҳбарияти меҳмонхонаҳои пойтахт аз кам будани мизоҷон (20% пуршавӣ) шикоят дошта, “бозор ҳоло ба чунин шумори зиёди меҳмонхонаҳо ҳоло омода нест”.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар пойтахт наздики 40 меҳмонхонаи нисфашон 3-5 ситорадор ва ҳамагӣ андаке бештар 10 адад хостелҳо (хобгоҳҳо) фаъолият доранд.

Дар ҳамин ҳол, солҳои наздик ба истифода додани боз 9 меҳмонхона (аз 3 то 5 ситорадор) бо 630 ҳуҷра дар маҷмӯъ ба нақша гирифта шуда, ин меҳмонхонаҳо дар як вақт зиёда аз 1 ҳазор нафарро қабул карда метавонанд.

Аз ҷумла, муддати аллакай 15 сол инҷониб сохтмони меҳмонхонаҳои Grand Rudaki Tower ва «Исмоили Сомонӣ» идома дорад.

Илова бар ин, дар хиёбони Рӯдакӣ сохтмони 10 қароргоҳ барои меҳмонони воломақом ҷараён дорад, ки бояд то моҳи сентябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.