Хатлон: як шаҳрванди Швейтсария аз андоз 1,5 млн. сомонӣ қарздор аст

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

ҶДММ “Эком” воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки муассисаш як шаҳрванди Швейтсария бо номи Фернанд Алберт Пиллонели гуфта мешавад, 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст.

Ин ширкат ҳанӯз 2-юми марти соли 2009 дар нозироти андоз сабти ном шуда, ба фаъолияти миёнҷигарӣ ва хариду фурӯшу коркарди нахи пахта сару кор доштааст.

Ширкати мазкур ҳамчунин дар руйхати андозсупорандагони бемасъулият, ки дар сомонаи Кумитаи андоз нашр гардидааст, ворид карда шудааст.

Сардори нозироти андози ноҳияи Ёвон Баҳодур Ализода гуфт, ки ширкати мазкур ба коркарди нахи пахта машғул будааст ва тайи 2-3 соли охир аз фаъолият бозмондааст.

“Мо барои рӯёнидани қарзи андоз чораҳои маҷбури ситонидани қарзро андешидаем. Аз ҷумла, суратҳисоби ширкатро бастаем, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст. Ҳамчунин вобаста ба пайдо кардану маҷбуран рӯёнидани қарз нисбати роҳбари ширкат мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат кардем. Мутаассифона, соҳибмулки ин ширкат аз кишвар берун рафтааст ва ӯро пайдо накарданд”, – мегӯяд Баҳодур Ализода.

Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон беш аз 130 ширкат, ки муассисонашон ширкатҳову шаҳрвандони хориҷианд, таъсис дода шудааст. Аз ин ширкатҳо, муассиси ду ширкат дар Ҷазираҳои Вирҷини Бритониёи Кабир қарор доштааст, ки яке аз ин ширкатҳо ҶДММ “Корхонаи хиштбарорӣ” дар ноҳияи Данғара ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...