КҲФ дақиқ мекунад: аз таркиши газ дар Панҷакент 23 кас осеб дид

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари таркиши баллони газ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент, ки рӯзона 25 январ рух дод, 23 нафар кормандони муассиса – 15 зану 8 мард ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки бар асари ин ҳодиса 12 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва 2 нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд, вазнин буда, се зани аз 37 то 72-сола дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд ва табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд.

“Вазъи саломатии 9 зан ва 5 мард вазнини миёна арзёбӣ мешавад, – омадааст дар хабари Кумита. – Аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд”.

Чойхонаи “Самарқанд”-и шаҳри Панҷакент дар иҷораи сокини 42-солаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи шаҳр Ёлқин Тиллоев қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...