КҲФ дақиқ мекунад: аз таркиши газ дар Панҷакент 23 кас осеб дид

Бар асари таркиши баллони газ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент, ки рӯзона 25 январ рух дод, 23 нафар кормандони муассиса – 15 зану 8 мард ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки бар асари ин […]

Бар асари таркиши баллони газ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент, ки рӯзона 25 январ рух дод, 23 нафар кормандони муассиса – 15 зану 8 мард ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки бар асари ин ҳодиса 12 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва 2 нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд, вазнин буда, се зани аз 37 то 72-сола дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд ва табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд.

“Вазъи саломатии 9 зан ва 5 мард вазнини миёна арзёбӣ мешавад, – омадааст дар хабари Кумита. – Аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд”.

Чойхонаи “Самарқанд”-и шаҳри Панҷакент дар иҷораи сокини 42-солаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи шаҳр Ёлқин Тиллоев қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.