Беш аз 330 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта ба саёҳати Ӯзбекистон рафтанд

Бар асари пандемияи COVID-19 дар муқоиса бо соли 2019 вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ба андозаи 77,7% кам шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ин кишвар, соли гузашта 1,5 млн нафар сайёҳони хориҷӣ аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд. Соли гузашта 508 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 424,1 ҳазор – шаҳрванди Қазоқистон, 337,5 ҳазор – шаҳрванди Тоҷикистон […]

Бар асари пандемияи COVID-19 дар муқоиса бо соли 2019 вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ба андозаи 77,7% кам шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ин кишвар, соли гузашта 1,5 млн нафар сайёҳони хориҷӣ аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд.

Соли гузашта 508 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 424,1 ҳазор – шаҳрванди Қазоқистон, 337,5 ҳазор – шаҳрванди Тоҷикистон ва 81,6 ҳазор – шаҳрванди Русия сайру саёҳат ба Ӯзбекистонро ихтиёр кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳамагӣ 2 млн нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сифати сайёҳон аз дигар кишварҳо боздид кардаанд, ки 86,3% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2020 зиёда аз 410 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 909 ҳазор нафар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аст.

Мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо беш аз 350 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд. Шумори сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо соли 2019 ба андозаи 72,2% кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2020 ба хориҷи кишвар рафтаанд, 740 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 33% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".