Барои дар мансаб боқӣ мондан доштани шаш маҳорат зарур аст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 бо супориши президенти Тоҷикистон санҷиши сатҳи тахассусӣ ё худ аттестатсияи кормандони сохторҳои хизмати давлатӣ гузаронида шуд.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён дар ин робита изҳор кард, ки санҷиш дар мақомоти молия, андозу гумрук, кормандони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва “Амонатбонк” гузаронида шуд.

Ба гуфтаи ӯ, санҷиши кормандони сохторҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шуд.

Вазир қайд кард, ки дар ин давра 7 ҳазору 523 нафар кормандони сохторҳои зикршуда аз санҷиш гузаштанд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия шахсони тасодуфӣ, ғайриҳирфаӣ ва номуносиб аз кор аз сохторҳои зикршуда озод шуда, чанде аз онҳо ба вазифаи зинаҳои пасттар гузаронида шуданд”, – иброз дошт вазири адлия.

Дар ҳамин ҳол, вазир шумори саҳеҳи мансабдорони давлатиеро, ки аз санҷиш нагузаштаанд, номбар накард.

“Дар ҷараёни санҷиш ба омодагии касбӣ, корӣ ва умумии кормандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, инчунин сатҳи забондонии онҳо, қобилияти тадорукотӣ ва малакаҳои кор дар комптер ба инобат гирифта шуд”, – зикр кард вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...