Муовини Бег Сабур: “Агар бигӯям, ки раис куҷост, шумо ба таври худ маънидод мекунед”

Баҳманёр Нодиров

Муовини аввали раиси хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев, гуфт, ки агар дар куҷо будани раиси Хадамот Бег Сабуровро бигӯяд, рӯзноманигорон онро ба таври худ маънидод мекунанд. 

«Агар ҳоло ман бигӯям, шумо ба таври худ маънидод мекунед, вале раиси хадамот – Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор дорад.  Ӯ як шахси боз аст ва агар шумо саволе доред, метавонед муроҷиат кунед ва он кас шуморо мепазирад", – чунин посух дод Илҳом Атоев ба суол дар бораи ин ки чаро худи Бег Сабур дар нишасти матбуотӣ ширкат намекунад.

Мавзуъи ширкат накардани Бег сабур дар нишастҳои матбуотӣ  солҳои ахир яке аз суолҳои ҳамешагӣ дар нишастҳои матбуотии ин ниҳод аст. Ҳар замон масъулони Хадамоти алоқа далели ҳузур надоштани раисашонро ба ҳар мавзуъе марбут медонанд. 

Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки вақте Бег Сабур дар чанд нишасти ин ниҳод ба иштибоҳҳо ё лағзишҳое роҳ дод, дигар баъди он дар нишастҳои матбуотӣ ҳузур пайдо накард. 

Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз, 1.02.2021 нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз шуд, ки нишасти нахустин аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.