Низомиёни рус ба аёдати иштирокчии 109-солаи муҳорибаи Сталинград рафтанд

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таҳти сарварии фармондеҳашон полковник Сергей Горячев собиқадори 109-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримовро, ки муқими Тоҷикистон аст, бо 78-умин солгарди торумор намудани фашистони Олмон дар муҳорибаи Сталинград табрик карданд. “Ифтихор дорам, ки паҳлӯи қаҳрамони мо, иштирокчии ҳамон ҷанги даҳшатноку хунрез, ки дар он мардуми шӯравӣ ғалабаи шоиста […]

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таҳти сарварии фармондеҳашон полковник Сергей Горячев собиқадори 109-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримовро, ки муқими Тоҷикистон аст, бо 78-умин солгарди торумор намудани фашистони Олмон дар муҳорибаи Сталинград табрик карданд.

“Ифтихор дорам, ки паҳлӯи қаҳрамони мо, иштирокчии ҳамон ҷанги даҳшатноку хунрез, ки дар он мардуми шӯравӣ ғалабаи шоиста ба даст овард, қарор дорам. Мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба корномаҳои гузаштагони худ арҷ гузошта, ҳамчунин дар хотир дорем, ки бо чӣ гуна ҷонбозиҳо он ба даст омадааст”, – гуфт фармондеҳи воҳиди тирандозӣ.

Сергей Горячев ҳамроҳи хизматчиёни ҳарбӣ ба маҳаллаи аҳолинишини Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор омада, ба Рашид Каримов барои саҳмаш дар ғалаба изҳор миннатдорӣ намуданд ва ба ӯ аз номи ҳайати пойгоҳи низомӣ гулдаста ва туҳфаи арзишнок тақдим карданд.

Сари як пиёла чой Рашид Каримов дар бораи иштирокаш дар мудофиаи Сталингради комилан тахрибшуда, маҷрӯҳ шуданаш дар соҳили дарёи Волга ва бо як муъҷизае зинда монданаш нақл кард.

Ҳамчунин донишҷӯёни ансамбли “Славяне”-и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ ба табрики шахси кӯҳансолтарини деҳа омада, барояш таронаҳои замони ҷанги «Катюша» «Смуглянка» ва «Эх, путь-дорожка фронтовая»-ро сароиданд.

Рашид Каримов соли 1912 таваллуд шуда, дар муҳорибаи Сталинград, озодкунии Киев, Киров, Лвов ва Кёнигсберг, Лаҳистон (Полша) ва ҳуҷуми қатъӣ ба Берлин иштирок кардааст. Замони ҷанг ду бор ҷароҳат бардоштааст. Бо Ордени Шараф ва дигар мукофтҳои гуногуни ҷангӣ қадрдонӣ шудааст. Каримов 19 ноябри соли 1945 ба зодгоҳаш баргашта, пас аз ҷанг ба сифати омӯзгор кор мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.