Таъсири “Диссернет”? Мансабдорон аз президент иҷоза мегиранду баъд олим мешаванд

Дар Тоҷикистон мансабдорон ва хидматчиёни давлатӣ танҳо баъди дарёфти иҷозаи президенти Тоҷикистон метавонанд олим шаванд. Дар ин бора Радиои Озодӣ ба такя ба як санаде хабар медиҳад, ки дар ихтиёраш қарор гирифтааст. Санаде, ки Радиои Озодӣ ба он ишора мекунад, номаи Кумисюни олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон  ба шӯроҳои илмии донишгоҳҳои кишвар аст, ки дастур дода […]

Дар Тоҷикистон мансабдорон ва хидматчиёни давлатӣ танҳо баъди дарёфти иҷозаи президенти Тоҷикистон метавонанд олим шаванд. Дар ин бора Радиои Озодӣ ба такя ба як санаде хабар медиҳад, ки дар ихтиёраш қарор гирифтааст.

Санаде, ки Радиои Озодӣ ба он ишора мекунад, номаи Кумисюни олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон  ба шӯроҳои илмии донишгоҳҳои кишвар аст, ки дастур дода мешавад, рисолаҳои кормандони ниҳодҳои давлатиро танҳо пас аз иҷозаи президент баррасӣ кунанд.

Ин дастур дар ҳолест, ки дар ду соли ахир пойгоҳи таҳқиқии "Диссернет" шуморе аз олимони тоҷикро ба асардуздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз ҷумла Давлаталӣ Саидзодаву Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони сарвазири Тоҷикистон, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр ва бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои баъдӣ низ буданд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо олимону зиёиёни тоҷик 18-уми марти соли 2020 низ мансабдоронеро, ки ба кори илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда будан,д сахт интиқод кард ва ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта буд: "Зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд. Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд".

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд. "Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст".

Ин дастур дар нимаи соли гузашта омода шудааст, аммо аксар шӯроҳои илмии донишгоҳҳо онро тоза (нав) дастрас кардаанд. 

Дар дастури нав гуфта шудааст, "диссертатсияҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шӯроҳои диссертатсионӣ танҳо бо иҷозати роҳбари давлат роҳандозӣ карда шавад", вале далели чунин тасмимро ошкор накардаанд.

Дар дастур таъкид мешавад, ҳимояи корҳои илмӣ мӯшикофона таҳқиқ шаванд ва “пӯхтаю бехато” ба Кумисюни олии аттестатсионӣ фиристода шаванд.

Акнун дар доираҳои расмӣ ва наздик ба ҳукумат гуфта мешавад, ки баъди интиқодҳои президент мансабдороне, ки мехоҳанд олим шаванд, кам шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.