Вазири тандурустӣ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки COVID-19 Тоҷикистонро тарк кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 1 феврал бо роҳбари нави намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Виктор Олсавски дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 1 феврал бо роҳбари нави намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Виктор Олсавски дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ ҷонибҳо дар бораи вазъи соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ табодули назар намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори омодагӣ карданд.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, роҳбари навтаъйини Созмонро дар Тоҷикистон ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода низ ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (Covid-19) табодули афкор намуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар брифинги рӯзи 1 феврал директори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус чунин изҳори назар кард, ки сирояти коронавирусро метавон идора кард.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳолатҳои нави сироят аз COVID-19 се ҳафта инҷониб дар саросари дунё кам мешавад ва ҳарчанд ҳоло ҳам кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо афзоиши беморӣ ба назар мерасад, дар сатҳи глобалӣ ин рӯйдоди умедворкунанда аст, хабар медиҳад РБК.

“Ин гувоҳи он аст, ки ҳатто бо назардошти паҳншавии шаклҳои нави вирус, онро метавон идора кард ва агар ба риояи тадбирҳои аллакай санҷидашудаи ҳифзи солимии ҷомеа риоя кунем, метавонем сироятёбиро пешгирӣ карда, ҳаёти одамонро наҷот диҳем”, – зикр кард Гебрейесус.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио