Вазорати адлия: “домодҳои хориҷӣ” дар Тоҷикистон кам шудаанд

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 мавридҳои шавҳари хориҷӣ кардани бонувони тоҷик кам шудааст. Ба гуфтаи сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ин вазорат Саодат Сироҷзода, соли гузашта ҳамагӣ 192 шаҳрванди Тоҷикистон шавҳари хориҷӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо як соли пеш 11 маврид камтар аст. Ба гуфтаи Сироҷзода, соли 2020 никоҳ бо хориҷиён дар кишвар коҳиш ёфта, […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 мавридҳои шавҳари хориҷӣ кардани бонувони тоҷик кам шудааст. Ба гуфтаи сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ин вазорат Саодат Сироҷзода, соли гузашта ҳамагӣ 192 шаҳрванди Тоҷикистон шавҳари хориҷӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо як соли пеш 11 маврид камтар аст.

Ба гуфтаи Сироҷзода, соли 2020 никоҳ бо хориҷиён дар кишвар коҳиш ёфта, ҳамагӣ 192 маврид бо атбои кишварҳои дигар издивоҷ кардани шаҳрвандони тоҷик сабт шудааст. "Асосан шаҳрвандони тоҷик бо шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон, Афғонистон ва Чин издивоҷ мекунанд", – мегӯяд ӯ.

Ин мақоми вазорати адлия кам шудани шумораи чунин никоҳҳоро ба татбиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши издивоҷ бо хориҷиён рабт дод, ки он хориҷиёнро вазифадор мекунад, пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дастикам як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.

Ба гуфтаи бону Саодат Сироҷзода, аз 192 мавриди никоҳ бо хориҷиён, 34 маврид дар Суғд сабти ном шудааст, 10 мавриди дигар дар вилояти Хатлон,  11 маврид Бадахшон, дар шаҳри Душанбе 47 маврид ва 100 мавриди дигар дар шаҳру навоҳии тобеъи марказ номнавис шудааст.

Мавзуъи издивоҷи бонувони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ яке аз мавзуъҳои ҳассоси солҳои ахири ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дар гузашта мавридҳои зиёде шуда буд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми дар Тоҷикистон будан, аз бонувони тоҷик зан мегирифтанд ва баъди тарки кишвар кардан, онҳоро бесарнавишт раҳо мекарданд. Бар пайи ин давлат шарту шароити издивоҷи хориҷиён бо бонувони Тоҷикистонро сангинтар кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио