Шикасти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Урдун дар бозии аввали рафиқона

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 1 феврал дар ҷамъомади таълимӣ ва машқҳои ҷисмонӣ дар Дубай бо тими миллии мунтахаби Урдун бозии рафиқона гузаронид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) доир гардида, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони Урдун анҷом ёфт, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, ҳисоби бозӣ дар […]

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 1 феврал дар ҷамъомади таълимӣ ва машқҳои ҷисмонӣ дар Дубай бо тими миллии мунтахаби Урдун бозии рафиқона гузаронид.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) доир гардида, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони Урдун анҷом ёфт, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 37-ум бо зарбаи 11-метра кушода шуда, тӯби дуюм дар охири қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5 феврал дар Дубай байни мунтахабҳои футболи Урдун ва Тоҷикистон бозии дуюми рафиқона доир мегардад. Ин вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.