Мусодираи наздик ба 2 тон маводи мухаддир дар як амалиёти муштараки Тоҷикистону ИМА

Asia-Plus

Тоҷикистон дар як амалёти муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Покистон ва Афғонистон дар соли 2020 1 тоннаву 965 кг маводи мухаддиро мусодира кардаанд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода директори Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи Воҳидзода дар ин амалиёт  дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон 16 нафар ва дар ҳудуди ИМА 18 нафар боздошт шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи мудири Оҷонсии маводи нашъовар  дар ин амалиёт аз гуруҳҳои ҷинояткор як автомат, се мошин ва 165 ҳазор доллари ИМА низ мусодира шудааст.

Воҳидзода гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар соли 2020 фаъолияти 40 гуруҳи ҷиноятиро дар ҳайати 87, аз ҷумла 3 гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 7 нафарро хунсо кардааст. 

Ин ниҳод 144 ҷинояти марбут ба маводи нашъоварро дар соли 2020 ошкор кардааст, ки дар баробари соли 2019 13 ҷиноят бештар будааст. Ҳамчунин 7 нафар шахсони мавриди пайгарди ҷиноиро  дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидааст. 

Бинои ба иттилои Воҳидзода аз сӯйи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  дар соли 2020  700 ҷинояти марбут ба маводи нашъовар ошкор шудааст, ки 118 ҷиноят нисбат ба як сол пеш зиёд будааст. Ҳосили ошкор шудани ин ҷиноятҳо  мусодираи 2 тоннаву 425 кг маводи нашъовар будааст, ки нисбат ба соли 2019 788 кг ё 48 дарсад бештар будааст. Ҳисаи ВКД 1 тоннаву 117 кг, Кумитаи амният 1 тонаву 97 кг, Хадамоти гумрук 22 кг ва Оҷонси мубориза бо фасод 5к будааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...