Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “Бозори доруворӣ ва маводи тиббӣ зери назорат аст”

Болоравии нарх ба доруворӣ ва маводи тиббӣ дар соли гузашта ба зиёдшавии арзиши ин маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда, ки талабот ба онҳо афзуд, вобаста аст. Ба иттилои сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдулмаҷид Муминзод ҳолатҳои босуръат болоравии нархи доруворӣ дар ҷумҳурӣ нимаи аввали соли гузашта ҷой доштанд, замоне, ки ҳатто кишварҳои доротарин ҷаҳон ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Болоравии нарх ба доруворӣ ва маводи тиббӣ дар соли гузашта ба зиёдшавии арзиши ин маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда, ки талабот ба онҳо афзуд, вобаста аст.

Ба иттилои сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдулмаҷид Муминзод ҳолатҳои босуръат болоравии нархи доруворӣ дар ҷумҳурӣ нимаи аввали соли гузашта ҷой доштанд, замоне, ки ҳатто кишварҳои доротарин ҷаҳон ба мушкили камбуди доруворӣ ва маводи тиббӣ дучор шуданд.

Роҳбари Хадамот қайд кард, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута барои бартараф намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нарх рейдҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт ҳамарӯза идома доранд.

Муминзода таъкид дошт, ки ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои ҷудогонаи фурӯши чакана боло бурдани нарх ҷой дошта, онҳо пешгирӣ шуданд.

“Дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ ҳудуди 100 санад тартиб дода шуда, қонуншиканон ҷарима шуданд, – иброз дошт сардори Хадамот. – Бархе талош доштанд, ки тиҷораташон қатъ нашаваду чандеи дигар дар бораи даромади беасос фикр мекарданд”.

Зимнан илова шуд, ки айни замон ин бозор зери назорат буда, камбуди доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ ба мушоҳида намерасад ва нархҳо устувор мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.