Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Болоравии тарифҳои барқ алҳол пешбинӣ намешавад

Боло бурдани тарифҳои истифодаи неруи барқ алҳол ба мо пешниҳод нашудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон сардори Хадамоти зиддиинҳисори назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти хабарӣ. Ӯ овозаҳои болоравии арзиши барқро дар ояндаи наздик рад карда, изҳор дошт, ки танҳо ҳукумат метавонад бо чунин пешниҳод ба Хадамот муроҷиат намояд. “Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони Хадамоти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Боло бурдани тарифҳои истифодаи неруи барқ алҳол ба мо пешниҳод нашудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон сардори Хадамоти зиддиинҳисори назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ овозаҳои болоравии арзиши барқро дар ояндаи наздик рад карда, изҳор дошт, ки танҳо ҳукумат метавонад бо чунин пешниҳод ба Хадамот муроҷиат намояд.

“Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор қабул мешавад, лекин ба мо то ҳол чунин пешниҳод нарасидааст”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2010-2019 тарифҳои қувваи барқ 2,6 маротиба боло рафт: аз 9 дирам барои 1 киловатт соат дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.

Ҳукуматдорон болоравии тарифҳои барқро пеш аз ҳама, ба тавсияҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ нисбат медиҳанд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 2012 ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки “бо мақсади ҳавасмандсозии истифодаи оқилонаи барқ”, тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгарони маишӣ то 3,5 сент боло бурда шавад.

Ҳамчунин ҳукумат қариб ҳамеша қайд мекунад, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тарифҳои барқ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.