Соли 2020 Тоҷикистон воридоти орду гандумро афзуд

Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ. Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба андозаи 19,1% ва орд – 4,8% зиёд шуд. Нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд […]

Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ.

Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба андозаи 19,1% ва орд – 4,8% зиёд шуд.

Нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд – 261 долларро ташкил дод.

Ба воридоти гандум 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд – 50 субъект машғул шуданд.

Наздики 94%-и гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст. Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95%, Русия – 5% ва Ӯзбекистон – 0,3% сурат гирифтааст.

Дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба андозаи 14% боло рафт.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро болоравии нархи орду гандум дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.