БҶ: Андозҳо мушкили доғтарини бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд

Масоили андозбандӣ бештар мушкилтар барои бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба арзёбии низоми экологӣ ва иҷтимоӣ қайд мешавад, ки бар асари суст будани маъмурикунонии андоз, сарбории андозбандӣ дар шакли номутаносиб ба дӯши шумори начандон зиёди ширкатҳои расмӣ афтода, ба ширкатҳои хурд ва истеҳсолкунандагон дар анҷоми расмиёти тиҷорат монеъа […]

Масоили андозбандӣ бештар мушкилтар барои бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба арзёбии низоми экологӣ ва иҷтимоӣ қайд мешавад, ки бар асари суст будани маъмурикунонии андоз, сарбории андозбандӣ дар шакли номутаносиб ба дӯши шумори начандон зиёди ширкатҳои расмӣ афтода, ба ширкатҳои хурд ва истеҳсолкунандагон дар анҷоми расмиёти тиҷорат монеъа эҷод месозад ва имконоти рушди онҳоро маҳдуд мекунад.

Таъкид мешавад, ки дар давраи аз соли 2012 то 2019 теъдоди андозсупорандагони амалкунанда ба таври назаррас афзуд: шумори умумии андозсупорандагони фаъол ба андозаи 88,5% ва пардохтгарони андоз аз фоидаи корхонаҳо – 114%.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳиссаи бештари воридоти маблағ аз пардохти андоз ба андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андоз аз фоидаи корхонаҳо рост меояд.

Кормандони Бонки ҷаҳонӣ аз андозсупорандагон дархост намудаанд, ки шарҳу пешниҳодҳои худро дар ҳисобот  бо ин суроға гузоранд.

Мувофиқи маълумоти тайи 10 соли охир (солҳои 2010-2020), андозҳо ба ҳисоби миёна 68%-и даромади буҷетро ташкил медиҳанд. Дар сохтори воридоти маблағ аз пардохти андозҳо се навъи андозҳо бартарият доранд: ААИ (44% аз ҳаҷми умумии андозҳо), андоз аз даромад – 14% ва андози иҷтимоӣ – 12%.

Дар лоиҳаи таҳияшудаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 ҳаҷми даромадҳо аз андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 890 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.