Мусодираи наздик ба 2 тон маводи мухаддир дар як амалиёти муштараки Тоҷикистону ИМА

Тоҷикистон дар як амалёти муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Покистон ва Афғонистон дар соли 2020 1 тоннаву 965 кг маводи мухаддиро мусодира кардаанд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода директори Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.  Ба гуфтаи Воҳидзода дар ин амалиёт  дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон […]

Asia-Plus

Тоҷикистон дар як амалёти муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Покистон ва Афғонистон дар соли 2020 1 тоннаву 965 кг маводи мухаддиро мусодира кардаанд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода директори Оҷонсии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи Воҳидзода дар ин амалиёт  дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон 16 нафар ва дар ҳудуди ИМА 18 нафар боздошт шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи мудири Оҷонсии маводи нашъовар  дар ин амалиёт аз гуруҳҳои ҷинояткор як автомат, се мошин ва 165 ҳазор доллари ИМА низ мусодира шудааст.

Воҳидзода гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар соли 2020 фаъолияти 40 гуруҳи ҷиноятиро дар ҳайати 87, аз ҷумла 3 гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 7 нафарро хунсо кардааст. 

Ин ниҳод 144 ҷинояти марбут ба маводи нашъоварро дар соли 2020 ошкор кардааст, ки дар баробари соли 2019 13 ҷиноят бештар будааст. Ҳамчунин 7 нафар шахсони мавриди пайгарди ҷиноиро  дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидааст. 

Бинои ба иттилои Воҳидзода аз сӯйи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  дар соли 2020  700 ҷинояти марбут ба маводи нашъовар ошкор шудааст, ки 118 ҷиноят нисбат ба як сол пеш зиёд будааст. Ҳосили ошкор шудани ин ҷиноятҳо  мусодираи 2 тоннаву 425 кг маводи нашъовар будааст, ки нисбат ба соли 2019 788 кг ё 48 дарсад бештар будааст. Ҳисаи ВКД 1 тоннаву 117 кг, Кумитаи амният 1 тонаву 97 кг, Хадамоти гумрук 22 кг ва Оҷонси мубориза бо фасод 5к будааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.