Геологҳои тоҷик конҳои нави тиллодор ҷустуҷӯ доранд

Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯи конҳои нави тиллодор идома медиҳад. Тавре Саридораи геологияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли гузашта мутахассисон корҳоро аз рӯйи як қатор лоиҳаҳое ба сомон расониданд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Аз ҷумла дар мавзеъҳои байни дарёҳои Қаратоғ – Лучоб корҳои геокимиёвии ҷустуҷӯи тилло, дар майдонҳои маъдани Шинг […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯи конҳои нави тиллодор идома медиҳад.

Тавре Саридораи геологияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли гузашта мутахассисон корҳоро аз рӯйи як қатор лоиҳаҳое ба сомон расониданд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ҷумла дар мавзеъҳои байни дарёҳои Қаратоғ – Лучоб корҳои геокимиёвии ҷустуҷӯи тилло, дар майдонҳои маъдани Шинг – Моғиён (Панҷакент) омӯзиши иловагии дурнамои конҳо ва зуҳуроти тилло, сурма ва симо, дар майдони маъдани Ошоба (ноҳияи Ашт) корҳои ҷустуҷӯи ҷузъии тилло ва дар мавзеъҳои байни дарёҳои Чашмаи Латиф ва Шоҳкамон корҳои ҷустуҷӯи тиллои реза гузаронида шуданд.

Бино ба маълумоти қаблии Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми захираи тасдиқшудаи тилло дар конҳои ҷумҳурӣ наздики 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Тайи 5 соли охир афзоиши солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил дод.

Солҳои наздик низ дар ҳамин сатҳ нигоҳ доштани афзоиши истеҳсол дар назар буд, лекин оқибатҳои пандемия суръати истеҳсоли ин металли гаронбаҳоро то 10,2% поин бурд.

Тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 4 маротиба – аз 2 тонна дар соли 2014 то ба 8,1 тонна дар соли 2019 афзуд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» низ ба истеҳсоли тилло машғуланд.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки  тиллои истеҳсолшуда дар кишвар аз ҷониби Бонки миллӣ, Вазорати молия ва корхонаҳои истеҳсоли маснуоти заргарӣ харидорӣ мешавад.

Соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 690 млн доллар сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ба хориҷи кишвар интиқол дод, ки аз ҳаҷми умумии содирот нисфашро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.