Коҳиши истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон бар асари коронавирус

Дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба андозаи 10,2% зиёд карданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин ҳаҷм нисбат ба нақшаи пешбинишуда камтар аст. Сабаби камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати кӯҳкорӣ, аз ҷумла коҳиши истеҳсоли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба андозаи 10,2% зиёд карданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин ҳаҷм нисбат ба нақшаи пешбинишуда камтар аст. Сабаби камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати кӯҳкорӣ, аз ҷумла коҳиши истеҳсоли тиллоро дар Вазорат ба пандемияи коронавирус нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи ҳаҷми истеҳсол Вазорат маълумот намедиҳад.

Қаблан дар Вазорати саноат хабар дода буданд, ки тайи 5 соли охир афзоиши солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил дода, солҳои наздик нигоҳ доштани афзоиш дар ҳамин сатҳ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли тилло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар конҳои Таррор, Чоре ва Пакрут шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 4 маротиба – аз 2 тонна дар соли 2014 то ба 8,1 тонна дар соли 2019 афзуд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар Вазорат қайд мекунанд, ки тиллои истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллӣ, Вазорати молия ва корхонаҳои заргарӣ харидорӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.