Намояндаи БҶ ба ҳукумат маслиҳат дод, ки сари коҳиши даромади операторони мобилӣ андеша кунад

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ба ҳукумати ҷумҳурӣ машварат дод, ки сари масъалаи коҳиши даромади бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва камшавии шумори муштариён андеша кунад. “Дар давраи солҳои 2000-2015 ин соҳа дар ҳоли рушди босуръат қарор дошта, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар саҳми арзанда мегузошт”, – гуфт Ян-Петер Олтерс рӯзи 14 октябр дар […]

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ба ҳукумати ҷумҳурӣ машварат дод, ки сари масъалаи коҳиши даромади бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва камшавии шумори муштариён андеша кунад.

“Дар давраи солҳои 2000-2015 ин соҳа дар ҳоли рушди босуръат қарор дошта, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар саҳми арзанда мегузошт”, – гуфт Ян-Петер Олтерс рӯзи 14 октябр дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли расмиёти шаффофи дастрасӣ ба иҷозатнома ва боҷҳои пасти он, ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки оператори бонуфузи байнулмилалиро ба ин соҳа ҷалб намояд.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ қайд кард, ки ҳанӯз аввали соли 2015 танзимгар дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ изҳор дошта буд, ки суръати афзоиши даромади ин соҳа дар сатҳи 15% боқӣ мемонад.

“Ба ин тариқ, -тавсия медиҳад ӯ. – Сари сабабҳои асосии он фикр кардан зарур аст, ки чаро дар ҳошияи иқтисоди дар ҳоли рушд қарордошта солҳои минбаъда даромадҳо дар соҳаи технологияҳои иттилооотӣ-коммуникатсионӣ  ва шумори муштариён кам шуд”.

Ба ақидаи ӯ, бидуни рушди интерети баландсуръат ноил гардидан ба дигаргуниҳои рақамӣ, ҷорисозии хизматрасонии ҳукумати электронӣ ва пешбурди замимаҳои молиявӣ дар платформаҳои мобилӣ ғайриимкон аст.

“Бидуни ислоҳоти ҳадафнок, сарфи назар аз дастрасии маҳдуд ва суръати паст, нархҳо дар ин бахши иқтисод яке аз баландтарин дар ҷаҳон боқӣ мемонанд”, – илова намуд Ян-Петер Олтерс.

Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ тайи солҳои охир мунтазам коҳиш меёфт. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ кам шуда, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дода буд.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон чор ширкат – ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline) мавқеи афзалиятнок доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.