Ахиран: вазири кишоварзӣ гуфт барои ду сол дар шаҳру деҳот чиро бояд захира кард

Date:

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон ахиран роҳҳои чӣ гуна барои ду сол захира кардани маҳсулоти хӯрокӣ дар шароити шаҳр ва деҳотро гуфт. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки роҳҳои захира кардан дар шароити деҳот ва шаҳрҳо фарқ мекунад.

Ба гуфтаи Зиёзода, имкон ҳаст, ки дар 60 ноҳияи деҳнишини кишвар биринҷ, гандум, меваву сабзавоти хушк барои ду солу се сол захира карда шавад. Дар шаҳрҳо бояд бештар маҳсулоти консервшуда захира карда шавад.

Ҳамчунин вазири кишоварзӣ гуфт, ки дар соли 2020 кишти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 8,8 дар сад зиёд шудааст. Аз ҷумла 1 миллиону 20 тонна картошка ҳосил рӯёнида шуда. Вале барои як одам 92 кг картошка дар як сол лозим аст, ки ва мо онро ба 70 кг дар як сол расонидем. 22 кг дигар намерасад. 

Вазири кишорварзӣ ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон истеҳсоли тухми мурғ, гӯшти паранда ва моҳиро низ зиёд кардааст. Аммо истеҳсоли мева то 0,7 ва ангур то 3,1 дар сад кам шудааст. 

Ин вазири нави кобинаи ҳукумат мегӯяд, ки Тоҷикистон дар соли 2020 истеҳсоли тухми мурғро ба 983 миллион дона расонидааст, ки 35 дар сад бештар соли 2019 аст. Аммо ба назари вазир ин миқдор ҳам кофӣ нест. "Мо 160 дона барои ҳар як нафар истеҳсол мекунем, аммо 180 дона лозим аст, ки 20 донаи дигар намерасад".

Ба гуфтаи Зиёзода, Тоҷикистон соли 2020 ба Русияву Қазоқистон 90 ҳазор тонна пиёз содир кардааст ва имкон ҳаст, ки содироти пиёз то 400 ҳазор тонна боло бурда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...