Ахиран: вазири кишоварзӣ гуфт барои ду сол дар шаҳру деҳот чиро бояд захира кард

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон ахиран роҳҳои чӣ гуна барои ду сол захира кардани маҳсулоти хӯрокӣ дар шароити шаҳр ва деҳотро гуфт. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки роҳҳои захира кардан дар шароити деҳот ва шаҳрҳо фарқ мекунад. Ба гуфтаи Зиёзода, имкон ҳаст, ки дар 60 ноҳияи деҳнишини кишвар биринҷ, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон ахиран роҳҳои чӣ гуна барои ду сол захира кардани маҳсулоти хӯрокӣ дар шароити шаҳр ва деҳотро гуфт. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки роҳҳои захира кардан дар шароити деҳот ва шаҳрҳо фарқ мекунад.

Ба гуфтаи Зиёзода, имкон ҳаст, ки дар 60 ноҳияи деҳнишини кишвар биринҷ, гандум, меваву сабзавоти хушк барои ду солу се сол захира карда шавад. Дар шаҳрҳо бояд бештар маҳсулоти консервшуда захира карда шавад.

Ҳамчунин вазири кишоварзӣ гуфт, ки дар соли 2020 кишти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 8,8 дар сад зиёд шудааст. Аз ҷумла 1 миллиону 20 тонна картошка ҳосил рӯёнида шуда. Вале барои як одам 92 кг картошка дар як сол лозим аст, ки ва мо онро ба 70 кг дар як сол расонидем. 22 кг дигар намерасад. 

Вазири кишорварзӣ ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон истеҳсоли тухми мурғ, гӯшти паранда ва моҳиро низ зиёд кардааст. Аммо истеҳсоли мева то 0,7 ва ангур то 3,1 дар сад кам шудааст. 

Ин вазири нави кобинаи ҳукумат мегӯяд, ки Тоҷикистон дар соли 2020 истеҳсоли тухми мурғро ба 983 миллион дона расонидааст, ки 35 дар сад бештар соли 2019 аст. Аммо ба назари вазир ин миқдор ҳам кофӣ нест. "Мо 160 дона барои ҳар як нафар истеҳсол мекунем, аммо 180 дона лозим аст, ки 20 донаи дигар намерасад".

Ба гуфтаи Зиёзода, Тоҷикистон соли 2020 ба Русияву Қазоқистон 90 ҳазор тонна пиёз содир кардааст ва имкон ҳаст, ки содироти пиёз то 400 ҳазор тонна боло бурда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?